Isloh Net icon

Isloh Net vVARY

Download Options
View on Google Play

Screenshots

Isloh Net screenshot 0 Isloh Net screenshot 1 Isloh Net screenshot 2 Isloh Net screenshot 3 Isloh Net screenshot 4 Isloh Net screenshot 5 Isloh Net screenshot 6 Isloh Net screenshot 7 Isloh Net screenshot 8 Isloh Net screenshot 9 Isloh Net screenshot 10 Isloh Net screenshot 11 Isloh Net screenshot 12 Isloh Net screenshot 13 Isloh Net screenshot 14 Isloh Net screenshot 15 Isloh Net screenshot 16 Isloh Net screenshot 17

About this app

Замимаи Сомонаи «Isloh.net» дар телефонҳои ҳушманд

Замимаи Сомонаи « Isloh.net » дар телефонҳои ҳушманд. Ин замима ба хотири он сохта шудааст, ки ба осонӣ ба матолиби « Ислоҳ »тавассути телефонҳо дастрасӣ дошта бошед!

Худовандро сипосу ҳамди беҳад мегӯем, ки ин минбари озодии баёну каломро бори дигар дар ихтиёри мо қарор дод ва мо бо такя бар пояи ин минбар сухани “ҲАҚ”-ро ба мардум хоҳем расонид, зеро ин минбар минбари ҳақгӯён аст, минбарест, ки баёни он барои миллати тоҷик муҳиму ҳатмист. Тавре ки ҳамагӣ огаҳ ҳастед минбари қаблӣ бо номи “СОМОНАИ ВАСАТИЯТ” фаъолият дошт, ки дар ганҷинаи пурасрораш панду ҳикмат, масал, тафсири Қуръон, ахбори гузаштагони солеҳи ин уммат, саволу ҷавоб, шеъру ҳикоёт ва латоифи зариф ҷой дошт, яъне бахшҳои сомона аз илму маърифат, ахлоқу маънавият, ростиву накӯкорӣ таркиб ёфта, фаъолияти хеле хуберо ба роҳ монда буд ва то ҷоеҳам анҷом дод.

Мухлисону хонандагони зиёдеро низ пайдо кард, ки ин пешравии бузурге дар ҷодаи тарбия ва маърифатнокии ҷомеъаи кунунии мо тоҷикон буд, аммо намедонам чаро? мақомоти амниятии кишвар бо фармоиши кумитаи дин зӯран масдудаш карданд. Аммо минбари “ИСЛОҲ” аз минбари қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад. Натиҷаи фишору масдуд кардани як сомонаи илмӣ-маърифатӣ ва ахлоқӣ боис шуд, то сомонае рӯи сафҳаи интернет боз намоем, ки аз сиёсатҳои хатову иштибоҳи ҳукуматдорон ҳарф бизанад ва ин ғалатро “ИСЛОҲ” намояд. Биноан аз ин ба баъд ба ҳар равише, ки орому муътадил аст коре надошта бошед, зеро дар акси ҳол амният ва оромӣ халалдор мегардад, ки омили асосии ин на мардум, балки худи шумоед.

Сомонаи “ИСЛОҲ” барои он таъсис шуда, ки ислоҳоти куллӣ ва ҷиддиеро дар авсоти ҷомеъаи кишвар рӯи кор орад. Ин минбар дар баробари характери илмиву динӣ ва фарҳангӣ доштанаш дар мадди аввал сиёсист, зеро, агар сиёсати Ҳукумат алайҳи дини ислом, мазҳаби ҳанафӣ ва эътиқоди мардум ҳар амали хашин ва зуровариеро анҷом диҳад расман посухашро бар асоси чорчубаи аҳкоми Илоҳӣ хоҳем дод. Сомона марбути ҳеҷ ҳизб, созмон ва ё гурӯҳе нест. Ҳамзамон ҳеҷ сармоягузоре низ надорад. Сарпарасту ҳомии мо Аллоҳ ва сармоягузори мо имони содиқ ба Аллоҳ ва садоқат ба дину миллату ватан аст. Бо мо бошед ва бо мо буданро фаромӯш масозед!!!

Version Information

Version
-
Downloads
1K+
Updated on
-
Released
Aug 29, 2023
Requires
Android Varies with device

Ratings & Reviews

0 ratings

More from All Hub

See more apps

Explore Tags

Browse all tags